Салам алайкум озодихоҳон ва ҳамватанони азиз!
Имруз кишвар ва мардуми Тоҷикистон дар як марҳилаи хеле ҳассос қарор дорад, мардум дар як гушаву ҳукумат дар гушаи дигар мебошад.
Мардум дар як ғаму, Раҳмонов дар фикри сулола!
Вақти он расидааст, ки андешем ба куҷо равона ҳастем, ин диктатор кишвару мардумро ба кадом самт мебарад...
Имруз мардуми Точикистон дар пешоруӣ боз як макри Раҳмонов қарор дорад, ки мехоҳад ҳукумати авлодии худро мустаҳкамтар созад.
Ӯ мехоҳад кишвари моро салтанати ва ҳукумати худро абадӣ созад бо баҳонаи тағйири сарқонун.
Ӯ аз хомушии мардум то имруз хеле суистифода бурд ва минбаъд низ истифода хоҳад бурд агар хомушиву бетарафии мову шумо идома ёбад!
Пас сарнавишти мо дар дасти худи мост!
Оё рози ҳастед ин бадбахти идома ёбад ё мехоҳед ин ҳама тағйир ёбад?
Хомушии мо рози будан ба ин найранг бозиҳо мебошад!
Барои дигаргунии вазъият ҳар яки мо масъул ҳастем!
Ояндаи худро дар ихтиёри худ қарор бидеҳ!
Бо умеди пирузии мардуми Тоҷикистон.
Суҳроб Зафар
Роҳбари “Гурӯҳи 24”